Чаро акси Charli xcx ба осорхона рафт
Дар Галереяи миллии портретҳои Лондон акси Charli xcx, ки Harley Weir моҳи декабри 2023 гирифтааст, ба коллексия дохил шуда, дар бахши History Makers Now намоиш дода мешавад. Барои ман ҷолибаш на танҳо худи сароянда, балки саволи интихоби осорхона аст: кадом чеҳраҳо ва лаҳзаҳои имрӯз баъд аз чанд даҳсола ҳуҷҷати замони мо ҳисоб мешаванд?